Дар бораи Тоҷикистон
Slider
Захираҳои обӣ

Захираҳои обии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ буда, захираҳои обӣ барои таъмини рушди устувори иқтисодиёти кишвар нақши муаасир дорад.
Айни замон, захираҳои обӣ дар кишвар манбаи асосии истеҳсоли энергия ба шумор рафта, 95% — и қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол карда мешаванд.
Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсоли тақрибан 80%-и маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд.
Ҳамчунин, захираҳои обӣ дар кишвар дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳмгузор аст. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойҳои нави кориро ташкил менамоянд. Аз ин номгӯй аҳамияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, чунки қисмати зиёди аҳолии деҳоти кишвар бо шуғл таъмин мегардад.
Ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 90% аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии кишварро пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.
Суръати миёнасолонаи маҷрои дарёҳо дар кишвар ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар мебошад. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4%-и ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд.
Боришоти миёнаи солона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан ба 760 мм баробар буда, дар баъзе минтақаҳои ҷанубии кишвар ин шумора то 100 мм ва дар ноҳияҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то ба 2400 мм тағйирёбанда мебошад.
 

 

Нақлиёт
Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.
Бинобар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз афзалиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.
Стратегияи мазкур ду самти асосии фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:
  • якум, ташаккули шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
  • дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.  
Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла, роҳҳои автомобилгарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қӯрғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол ‑ Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалишавӣ қарор доранд.
Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуданд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. 
Дар даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои автомобилгард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 5,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Таҷдиду барқарорсозии роҳҳо идома дошта, то соли 2015 сохтмону барқарорсозии роҳи автомобилгарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, сохтмони терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, хатти роҳҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) ва Қӯрғонтеппа–Панҷи Поён дар назар дошта шудааст.
Дар баробари ин, масъалаи бунёди роҳҳои алтернативӣ тақозо менамояд, ки ҳукумати кишвар доираи ҳамгироии иқтисодиро тавсеа бахшида, дар доираи созмонҳои минтақавӣ ҷиҳати пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии коммуникатсионӣ ва ташкили шабакаҳои нави мутобиқ ба меъёрҳои муосир чораҳои зарурӣ андешад. Бо ин мақсад ҷиҳати амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ки омили муҳими рушди иқтисодии Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа хоҳад гардид, андешидани чораҳои зарурӣ идома дорад. Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Ашқободи Туркманистон бахшида ба баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаи сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон имзо намуданд.
Дар баробари ин, баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар асоси тадқиқотҳои гузаронидашудаи коршиносони маҳаллӣ ва беруна Барномаи таҷдиду бунёди ин роҳҳо ба муҳлати то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд  ва муҳлати онро кам гардонида, боиси кам шудани хароҷотҳои нақлиётӣ мегардад. Тибқи барномаи мазкур бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар дошта шудааст. Барномаи зикргардида бо баҳисобгирии фоидаоварии иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қитъаҳо ва баҳисобгирии ҳолати имрӯзаи онҳо дар барномаи компютерӣ таҳия гардида, татбиқнамоии он дар се марҳила пешбинӣ гардидааст.
Бо дарназардошти ин ва хусусиятҳои ҷуғрофии Тоҷикистон кор дар самти инкишофи инфрасохтори нақлиётӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои истифодаи шоҳроҳҳои нақлиётӣ, ки дар ояндаи наздик масирҳои трансконтиненталии байни Осиё ва Аврупо гардида, қисмати зиёди онҳо бо роҳҳои кӯтоҳтарин бояд қитъаҳои ҷумҳуриявии шабакаҳои роҳҳоро дар бар гирад, вусъат дода хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаи нақлиёт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 созишномаи дуҷониба бо 9 давлати аъзои ИДМ ва 7 давлати Осиёи Марказию Аврупо имзо намуда, ба 27 созишнома ва 7 Конвенсияи байналмилалӣ дар доираи 11 ташкилот шомил шудааст. Татбиқи созишномаҳои дуҷониба дар соҳаи интиқоли байналмилалии бору мусофирон бидуни монеа амалӣ гардида, талаботҳои созишномаҳо ба таври комил иҷро мегарданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин ҳадафҳо айни ҳол ба 9 конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ ба таври расмӣ ҳамроҳ шудааст.
 
Фурудгоҳҳо

Фурудгоҳҳои Тоҷикистон

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар

Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд

http://www.airport.tj

 

Телекоммуникатсия
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ширкатҳои хизматрасонии мобилӣ фаъолият менамоянд.
Оператори миллии телекоммуникатсионии ҶСК "Тоҷиктелеком".
Babilon - Mobile бузургтарин оператори мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ба муштарӣ маҷмӯи хизматрасониҳои муосирро бо стандартҳои GSM 900/1800, 3G-UMTS/3.5G-HSDPA пешниҳод менамояд. 
Beeline - ҶДММ "Таком" оператори мобилии Тоҷикистон мебошад. Ба гурӯҳи ширкатҳои "Вымпелком" операторҳои мобилие дохил мешаванд, ки дар Русия ва Қазоқистон хизматрасонӣ менамоянд.  
Мегафон Тоҷикистон як корхонаи муштараки Русияву Тоҷикистон мебошад, ки бо мусоидати Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва аввалин оператори мобилии умумирусии ҶСК «МегаФон» саҳмдорони ширкати мазкур маҳсуб меёбанд.
"Tcell" - ҶСП "Индиго Тоҷикистон" ширкати афзалиятнок, пешқадам ва машҳур мебошад, ки ба мизоҷони худ хизматрасониҳои мобилии телекоммуникатсиониро пешниҳод менамояд. Ширкати Tcell-ро дар Тоҷикистон ду ширкат: ҶСП "Индиго Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Хатлон ва ВМКБ ва ҶСП ШМ "Сомонком", ки дар вилояти Суғд фаъолият менамоянд, таъсис додаанд. 
Пеш аз ба Тоҷикистон сафар кардан ва харидани симкортҳо аз дилерҳо оид ба нақшаҳои тарофаҳо, минтақаи дастрасӣ ва имкониятҳои иловагии хизматрасониҳои мобилӣ дастрас намоед. 
Энергетика

Энергетика

Захираи умумии эҳтимолӣ ба 527 миллиард кВт/соат дар як сол баробар мебошад. 4% иқтидори гидроэнергетикии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ ​​16,5 миллиард кВт/соат (4-5% захираҳои эҳтимолӣ)
Иқтидори низоми энергетикӣ 5190 МВт (ҳиссаи нерӯгоҳҳои барқии обӣ 4872 МВт 94%, НБО 318 МВт 6%)
Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун 3600 МВт/13 миллиард кВт/соат дар як сол аст
Рушди бахши энергетика 15% хароҷоти буҷа 
Фаровонии нерӯи барқ ​​дар тобистон 3-5 миллиард кВт/соат
Норасоии барқ ​​дар зимистон 2,5 миллиард кВт/соат
Тарофа барои аҳолӣ 2,32 сенти ИМА барои 1 кВт/соат 
Тарофаи саноатӣ 5.61 сенти ИМА барои 1 кВт/соат
Содироти нерӯи барқ ​​дар соли 2013 тақрибан 1 миллиард кВт.соат / 34 миллион доллари ИМА
Захираи ангишт 4,5 миллиард тонна 
Истеҳсоли ангишт дар соли 2013 тақрибан 500 ҳазор тонна
Back to Top