«Бохтарфуд-2021»: Дар маркази вилояти Хатлон форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳ оғоз ёфт
- Просмотров: 5835
Имрӯз дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд-2021» оғоз ёфт. Айни замон дар майдони 70-солагии водии Вахш намоиши маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва босифат, инчунин маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Мақсад аз баргузории форуми тиҷоратӣ густариши муносибатҳои хориҷӣ бо ҷонибҳои дахлдор, тақвият бахшидани фаъолият дар самти содирот ва муаррифии маҳсулоти ватанӣ арзёбӣ мегардад. Ба Форуми тиҷоратии «Бохтарфуд-2021» меҳмонон аз давлатҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Россия, Беларус, Эрон, Украина ва намояндагони барномаи ЮСАИД ташриф овардаанд.
Дар Форуми мазкур ба имзо расидани қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкорӣ, муаррифии имконоти сармоягузории вилоят ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар назар аст.
Манбаъ: Агентии иттилоотии АМИТ "Ховар"