Аз санаи 19 то 24 феврали соли 2021 роҳбарияти КВД “Тоҷинвест” двр назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубодилаи таҷриба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти хизматрасониҳои давлатӣ ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доштанд.
Зимни сафари мазкур, санаи 22 феврали соли 2021 Директори иҷроияи КВД “Тоҷинвест” - и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷавоҳирлал Музаффарӣ бо Директори Агентии хизматрасониҳои давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Муҳаммадиев Улуғбег мулоқот намуда, аз рафти фаъолияти Агентии мазкур дидан намуданд
Директори Агентии мазкур итилоъ доданд, ки аз соли 2017 то инҷониб ба Агентӣ муяссар гардидааст, ки зиёда аз 150 намуди хизматрасониҳои давлатиро бо зиёда аз 200 марказ дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд.
Бояд зикр намуд, ки таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишон медиҳад, ки ба роҳ мондани низоми хизматрасониҳои давлатӣ дар рушди фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ натиҷаи хуб дода, Ҷумҳурии тоҷикистон низ метавонад таҷрибаи муваффақи ин давлатҳоро оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон ва дар маҷмӯъ барои аҳолии кишвар ба роҳ монад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, тасмим гирифтааст фаъолияти “Марказҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорону сармоягузорон” - ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳад.
Қобили зикр аст, ки айни ҳол, бо мақсади иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 тасдиқ шудааст, ҳамзамон ҷиҳати истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ дар раванди амалӣ намудани хизматрасониҳои давлатӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар, таъмини шаффофият, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, сарфа кардани хароҷот ва вақти соҳибкорону сармоягузорон, пурзӯр кардани мубориза бо коррупсия, инчунин баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти институтсионалӣ дар ин соҳа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи марказҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон» ва «Дар бораи таъсис додани корхонаҳои давлатии фаръии «Маркази хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва сармоягузорон»-и корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2020 пешниҳод карда шудааст.